Ошӯб дар зиндони Одесса-видео аз ҷои ҳодиса

© PixabayТюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба маълумоти пешакӣ сабаби аслии ошӯб дар зиндони Одесса, кофкукови маҳбусон шудааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Маҳбусони муассисаи ислоҳии Ҷанубии рақами 51 дар Одесса, ба бинои маъмурӣ ҳуҷум кардаву онро оташ задаанд, хабар медиҳад муовини аввали пулиси миллӣ Вячеслав Аброскин.

"Имрӯз, дар муассисаи ислоҳии Ҷанубии рақами 51 дар Одесса, зиндониҳо кӯшиши забти бинои маъмурӣ карда онро оташ заданд...Ҳадаф ноустувор кардани вазъият",-навиштааст Аброскин дар саҳифааш дар Facebook.

Оташро дар чанде аз биноҳои маъмурии зиндон хомӯш карданд.

Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабаби кушта шудани зиндониҳоро дар "Кирпичний" гуфт

Ба гуфти омбудсмени Украина Людмила Денисова эҳтимолан сабаби ошӯб дар зиндон, ковтукови маҳбусон шудааст.

Зиндониҳо се пизишк ва се посбонро гаравгон гирифтаанд, ки баъдтар онҳоро раҳо кардаанд.

Баъдтар хабар доданд, ки панҷ тан аз ошӯбгаронро аз ҷои ҳодиса боздошт карданд.

Ба гуфти Денисова дар паи ин ошӯб касе захмӣ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ошӯби шоми 19 май дар зиндони “Кирпичний” дар Тоҷикистон 32 нафар, аз ҷумла 3 зиндонбон кушта шуданд. Мақомот бо нашри як иттилоия ҷузъиёт, саркардаҳо ва қурбониҳои ин ошӯбро ном бурданд.

Лентаи хабарҳо
0