Баъди қатъи “роуминг” дар Русия нархи алоқаи мобилӣ боло рафт

CC0 / Pixabay / Девушка пишет сообщение на телефоне
Девушка пишет сообщение на телефоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон гароншавии алоқаи мобилиро дар Русия ба болоравии андоз аз арзиши иловашуда ва қатъи “роуминг”-и дохилишабакавӣ дар кишвар рабт медиҳанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Баъди қатъи “роуминг” арзиши алоқаи мобилӣ дар Русия ба миқдори 3% боло рафт, иттилоъ додааст “Коммерсантъ” бо истинод ба ҳисоботи Content Review.

Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

Гароншавӣ аз моҳи августи соли 2017 оғоз шудааст. Коршиносон ин ҷараёнро ба болоравии андоз аз арзиши иловашуда ва қатъи “роуминг”-и дохилишабакавӣ дар кишвар ва зарурияти пардохти тарофаҳои бемуҳлат бо интернет рабт медиҳанд.  

Роҳбари Content Review Сергей Половников низ қайд кардааст, ки тағйирёбии нарх аз ҳисоби қатъи “роуминг” дар кишвар ба назар мерасад. Қайд мешавад, ки агар барвақттар сокини Русия ба ҳисоби миёна дар як моҳ барои алоқаи мобили 255 рубл харҷ мекард, ҳоло бошад барои ҳамин гуна тарофаҳо 262 рубл сарф мекунанд.

Дар ҳисобот омадааст, ки нархномаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Русия боло рафтаанд. Масалан дар Маскав камаш арзиши пасттарин тариф камаш 1 рубл боло рафтааст.

Ҳоло пойтахти Русия дар дастрас будани алоқаҳои мобилӣ миёни минтақаҳои кишвар ҷои панҷумро касб мекунад.

Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: суръати пасти интернет айби VPN не, операторҳои мобилӣ аст

Дар ин номгӯй ҳавзаҳои автономии Ямало-Ненетский, Ханти-Мансийский ва  инчунин вилоятҳои  Сахалину Магадан шомил шудаанд. Дар ин ҳол дастрасии алоқаҳои мобилӣ дар ҷумҳуриҳои Ингушистон, Кабардино-Булғория, Доғистон, Карачаево-Черкесия ва Чеченистон на он қадар хуб аст.

Ёдовар мешавем, ки як сол пеш Хадамоти Федеролии Зидиинҳисорӣ ба шабакаҳои алоқа дастур дода буд, то сабаби гарон будани арзиши алоқаи мобилиро то 15 декабр пешниҳод кунанд.

Баъди ин Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он роуминг дар дохили кишвар барҳам дода шуд, ва аз симкартаҳо дар ҳама минтақаҳои кишвар якхел пул ситонида мешавад.

Дар санаде, ки аз 1 июни соли ҷорӣ қувваи қонуни гирифтааст омадааст, ки шабакаҳои мобилӣ уҳдадор мешаванд, ки барои хизматрасонии мобилӣ дар ҳама минтақаҳои Русия якхел ҳақи хидмат гиранд.

Лентаи хабарҳо
0