17:24 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Здание Международного аэропорта Душанбе. Архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон аз сар гирифта шуданд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23510

Бо аввалин парвоз аз Эрон ба Душанбе 90 мусофир интиқол дода шуданд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон аз сар гирифта шуданд. Имрӯз, 5 июн бори аввал баъди танаффус  ҳавопаймои "Вориш Эйрлайнз"-и Эрон 90 мусофирро аз Машҳад ба Душанбе расонид.

Пештар мақомоти Тоҷикистон ба ин ширкати эронӣ иҷозат дода буданд, ки миёни Тоҷикистону Эрон парвоз анҷом диҳанд.

Ҳамчунин ин ширкат чанд мусофри дигарро аз Душанбе ба Машҳад бурд.

Феълан реҷаи парвозҳо эълон нашудааст.

Арзиши билети рафту баргашти парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе ҳудуди 2500 сомонӣ (250$) ва масири яктарафа, ҳудудан 1700 сомонӣ  ё 170$ долларро ташкил медиҳад.

ӯҲамчунин ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон иҷозаи фуруши билетро низ содир кардаанд. Дафтари фурӯши билетҳо дар Машҳад, воқеъ дар хиёбони Дастғайби 4 ва 6 аст. Дафтари фурӯши билетҳо дар Душанбе дар хиёбони Лоҳутӣ, воқеъ дар маркази тиҷории "Ашан" аст.   

Қаблан ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ дар масирҳои Душанбе-Теҳрон ва баръакс ва Машҳад-Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медоданд. Парвозҳои ширкати "Тоҷик Эйр" беш аз панҷ моҳ аст, ки дар масири Душанбе – Теҳрон қатъ шудааст.

Қаблан ширкати эронии "Осмон Эйр" низ аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медод, ки аз ҳудуди 8 моҳи пеш ин парвозҳо қатъ шудаанд. Охирин парвози ширкати “Осмон Эйр” дар торихи 20 –уми сентябри соли 2018 анҷом шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ