18:54 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Председатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин на пленарном заседании Петербургского международного экономического форума 2019

Агар муҳофизони Путин намешуданд: Си Ҷинпин қариб аз саҳна меафтид - Видео

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1670 0 0

Рӯзноманигорон аз Чин дасти раисҷумҳурашонро чунон гарм фишурданд, ки Си Ҷинпин наздик буд, аз саҳна афтад. Роҳбари Чинро муҳофизони президенти Русия сари вақт доштанд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Роҳбари Чин Си Ҷинпин, ки бо сафари расмӣ дар Русия қарор дораду дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирок дошт, пас аз ҷаласаи умумии форум қариб буд, ки аз саҳна афтад.

Пас аз анҷоми чорабинӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони кишварҳои гуногун ба ҷониби саҳна шитофтанд - касе мехост ба роҳбарон савол диҳаду дигаре дар наздашон акс гирад.

Рӯзноманигорони Чин дар ин "маърака" фаъол буданд. Онҳо бо ҳар роҳ диқати Си Ҷинпинро ҷалб кардан мехостанд.

Ҳамин тавр, раисҷумҳури Чин ба яке аз рӯзноманигорон даст дод ва наздик буд, ки аз саҳна афтад.

Ҷинпинро муҳофизони Путин доштанд.

"Рӯзноманигорон аз Чин дасти раисҷумҳурашонро чунон гарм фишурданд, ки Си Ҷинпин наздик буд, аз саҳна афтад. Роҳбари Чинро муҳофизони президенти Русия саривақт доштанд", - менависад РИА Новости.

Пас аз ин, президент оромона талорро тарк кардаасту навори "ҳодиса" дар интернет чарх мезанад.

Мавзӯъҳои асосӣ