06:36 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Иностранные граждане проходят электронное тестирование на знание русского языка. Архивное фото

Русия дар як сол ба 268 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ дод

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Аз ин шумора бештар аз 95 дар сад шаҳрвандии Русияро зодагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Танҳо дар соли 2018 268,1 ҳазор хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оварданданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2017 ба 4,5 дар сад зиёдтар аст.

Тавре дар ҳисоботи солонаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Русия гуфта мешавад, аз ин нишондод, бештар аз 95 дарсади ба шаҳрвандии Русия қабулшудагон, зодагони кишвараҳои ИДМ мебошанд.

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз ин ҳисоб 5,9 дар садро ташкил додааст.

Пештар додгоҳи Русия ақди никоҳи қалбакии муҳоҷири тоҷикро бекор карда буд.

Дар Урали Русия шаҳрванди Тоҷикистон бо духтари рус барои осон намудани расмиёти назорати муҳоҷиратӣ ақди никоҳ бастааст.

Октябри соли 2018 шаҳрванди Тоҷикистон бо духтари рус издивоҷ кардааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ марди тоҷик нияти бо духтари рус оила барпо карданро надоштаст.  

Салоҳияти нави Путин: ба киҳо шаҳрвандии Русия ба осонӣ дода мешавад

“Мақсади издивоҷи муҳоҷири тоҷик бо духтари рус осон намудани расмиёти муҳоҷиратӣ будааст”, - хабар додааст дафтари матбуоти додситонии вилояти Свердловски Русия.

Таъкид шудааст, ки аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ духтари рус ва марди тоҷик бо ҳам зиндагӣ накарданд ва инчунин хоҷагии якҷоя ва фарзанд низ надоштанд.

Додгоҳи шаҳри Ревде дархости додситониро пурра қонеъ намуда, ақди никоҳи ин ду ҷуфтро бекор кард. 

 

Мавзӯъҳои асосӣ