11:04 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди Раҳмон ба СҲШ: ташкили маркази ягонаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Ба фикри раҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси сохтори алоҳида, мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Таъсиси созмони алоҳида дар дориаи СҲШ, мубориза алайҳи гардиши маводи мухадирро самаранок хоҳад кард, изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек.

"Ташкили созмони алоҳида самаранокии фаъолияти муштараки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои СҲШ-ро дар мубориа алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, баланд хоҳад бардошт",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон соли дуввум мешавад, ки барои решакан кардани терроризму эктремизм ҳамоиши сатҳи баланд доир мекунад.

Дар баробари ин президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро барои кумак ба Афғонистон даъват кард.

"Тоҷикистон даъват карда буд ва боз ҷомеаи ҷаҳониро барои кумаки иқтисодӣ ба Афғонистон ва дастгирии кӯшишҳои фаъоли ҳукумати Афғонистон барои  ҳамгироӣ таҳти сарварии худи афғонҳо, даъват мекунад",-гуфт президенти Тоҷикистон.

Раҳмон қайд кард, ки таъмини амният дар ҳудуди кишварҳои узви СҲШ яке аз вазифаҳои муҳимтарини Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад.

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Рӯзи 14 июн дар Бишкек нишасти сарони кишварҳои СҲШ оғоз шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ