04:04 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Нигматилла Юлдашев

Раисҷумҳур додситони куллро таъин кард

Совет Федерации Федерального Собрания Российской Федерации
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3043 0 0

Раисҷумҳури Узбакистон додситони кулли Узбакистонро барканор ва ба ҷои ӯ Нигматулло Юлдошевро додситони кулли Узбакистон таъин кард

ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев додситони кулли нави кишварро таъин кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

"Мувофиқи моддаи 93, банди 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Узбакистон: Отабек Муродов аз вазифаи додситони кулли Ҷумҳурии Узбакистон барканор шавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Нигматулло Юлдошев додситони кулли Узбакистон таъин шудааст.

Қайд карда мешавад, ки Муродов ҳамагӣ шаш моҳ дар мақоми таъингардидааш кор кард.

Юлдошев соли 1962 дар Тошканд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Моҳи январи соли 2015 раиси Сенати парлумони Узбакистон таъин мешавад.

Юлдошев яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсат дар Узбакистон аст. Ӯ пас аз марги Ислом Каримов дар соли 2016 аз 2 то 8 сентябр вазифаи иҷрокунандаи вазифаи президентро адо мекард. Сипас, 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси ҳарду палатаи парлумон аз ин мақом даст кашид ва Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи президент дар Узбакистон интихоб гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ