Зубайдзода дар Бейрут масъалаи бозгардонии занони тоҷикро аз Сурия баррасӣ кард

Обуна шудан
Сафири тоҷик бо намояндаи Салиби Сухр масъалаи ба Тоҷикистон бозгардонидани занони тоҷикро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Рӯзи 20 июни 2019 дар доираи сафари корӣ ба Бейрут, сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Лубнон Пиерре Барреа ва Ҳамоҳангсози созмони мазкур Ҷоанна Ловерҷин мулоқот кардааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар ин мулоқот масъалаҳои ба Ватан баргардондани занон ва кӯдакони тоҷик аз Сурия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд",-омадааст дар хабарнома.

Ҷангиёни ДИИШ дар асорати низомиёни артиши Сурия - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулл: аз Сурия ва Ироқ 120 шаҳрванди ҶТ бозгардонида шуданд

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 24 июн дар Рашт, хостори баргардондани ҳамаи шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар ба Ватан шуд.

Раисиҷумҳур гуфт дар давоми чанд соли охир дар задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби сокинони ноҳияи Нуробод 68 нафар иштирок намудаанд ва соли 2018 ҳамагӣ се нафари онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд.

Намояндаи ВУХ Ироқ: "барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ талош менамоем"

Раисиҷумҳур гуфт, кӯшиши бештар ба харҷ додан лозим аст, ки на танҳо чунин шаҳрвандони гумроҳшуда, балки дигар афроде, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ба зодгоҳи худ баргардонида шаванд.

Лентаи хабарҳо
0