03:33 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Житель Мозамбика нашел маму в КР спустя 24 года разлуки

Ҷавон модарашро баъди 24 соли ҷудоӣ пайдо кард - қиссаи аҷиб

Международный комитет Красного Креста и Красного Полумесяца
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
261 0 0

Падараш ӯро вақте ки ҳамагӣ 1-сола буд, аз назди модараш мебарад. Онҳо мехостанд, ки пас аз чанд вақт ба кишвар баргарданд, аммо дар Африқо мард дубора оиладор мешавад ва мемонад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Як сокини Мозамбика Тилек-Салвадор модарашро танҳо пас аз 24 соли ҷудоӣ пайдо кард.

Қиссаи аҷибро Sputnik Қирғизистон чунин оғоз мекунад: охири солҳои 80-ум марде аз Ангола барои таҳсил ба шаҳри Фрунзеи Қирғизистон меравад ва дар он ҷо бо духтари кару лоле шинос шуда, ошиқи духтар мегардад.

Онҳо хонадор мешаванд. Ба нахустписарашон номи қирғизӣ - Тилек ва бахшида ба падараш Салвадор мемонанд.

Пас аз соли хонадоршавӣ мард ба духтари қирғиз пешниҳод мекунад, ки ӯро ба ватанаш барад. Аммо зан розӣ намешавад.

Ҳамин тавр, хонаводаи ҷавон ба хулоса меоянд, ки падар писарашро гирифта, ба Ангола меравад ва  баъди чор сол ё ба Фрунзе бармегардад ё зан ба назди писару шавҳараш меравад.

Аммо ошиқи духтари қирғиз дар ватанаш бори дувум хонадор мешавад ва писарашро ба парасдории хоҳараш ба Мозамбик мефиристад.

Тилек доим орзу мекард, ки модарашро пайдо кунад. Пас аз 24 сол ин орзуи писарак ҷомаи амал пӯшидааст.

Барчаспҳо:
Қирғизистон, модар, мард

Мавзӯъҳои асосӣ