07:28 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
444 0 0

Дар интернет боз навори навори ларзидани нахуствазири Олмон Ангела Меркел паҳн шудааст. Ин дафъа вай дар назди президенти Олмон меистод

ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер нотоб шудааст.

Дар наворе, ки дар интернет пайдо шудааст, Меркел дарақ-дарақ меларзад.

Нахуствазир кӯшиш мекунад, ки худро идора кунад, аммо наметавонад. Дар навор дида мешавад, ки ӯ чанд бо дасташро пеш мегирад, то каме вазъашро контрол намояд.

На раисҷумҳури Олмон ва на дигар иштирокдорони маросим ба ин аҳволи зан аҳамияте намедиҳанд.

Ин дар даҳ рӯзи охир дувумин ҳодисаи ларзидани Меркел дар мулоқотҳояш аст. Ӯ пештар ҳангоми пешвози раисҷумҳури Укураина Владимир Зеленский ба ин аҳвол гирифтор шуда буд.

Дертар нахуствазир ин ҳодисаро шарҳ дод ва гуфт, ки сабаби ларзиданаш ҳавои гарму бемадорӣ буд.

Мавзӯъҳои асосӣ