06:31 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Человек убегает, архивное фото

Узрхоҳии Алӣ Довуд аз президент ва мардуми Қазоқистон барои акс дар Instagram - видео

© Pixabay / ToNic-Pics
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
600 0 0

Алӣ Довуд шаҳрванди Ливия аксеро ҳамроҳи ҳамкораш - духтари қазоқ нашр кард. Наздики ҳазор кас ин аксро таҳқиромез донистанду ба латукӯби ҳамкорони хориҷашон пардохтанд

ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Шаҳрванди Ливия Алӣ Довуд барои нашри аксе, ки боиси хашми ҳазорон коргари кони нафти Тенгиз шуд, узр пурсид. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон менависад.

Бетартибиҳо дар Қазоқистон: чаро сокинон шаҳрванди хориҷиро мекӯбанд? - видео

Ин шаҳрванди хориҷӣ дар шуъбаи логистикаи ширкати Consolidated Contracting Engineering & Procurement S.A.L. Offshore (CСЕР) кор мекунад. Марди ливиягӣ дар саҳифааш дар Instagram аксеро нашр кардааст, ки дар он дар дасташ ратсияро доштаасту мавҷгири он ба сӯи коргари қазоқаш нигаронида шудааст.

Беш аз ҳазор коргарон ин аксро таҳқиромез дониста корпартоӣ карданд ва ҳамкорони хориҷиашонро латукӯб карданд.

"Ассалому алайкум. Ҳукумати азиз, президент, дӯстони қазоқистонӣ ва мардуми Қазоқистон. Ман бо нашри ин видео мехоҳам барои ду далел узр пурсам. Аввал барои акс. Ман танҳо ҳамкорамро аксбардорӣ кардам ва чизи бадеро дар назар надоштам. Дуюм ин ки аз тамоми қазоқистониҳо бахшиш мепурсам. Ман миёни шумо ду сол зиндагӣ ва кор кардам, дар Қазоқистон кор кардан хуш аст.  Ман намехостам касеро озор диҳам, шумо одамони олиҷаноб ҳастед. Истимос узрамро пазиред",- мегӯяд Довуд дар навор.

Пештар ВУД Қазоқистон хабар дод, ки вазъияти Тенгиз таҳти назорат қарор дорад. Пулиси вилояти Атирау аз рӯи моддаи майдаавбошӣ вазъияти шаҳраки навбатдории Тенгизро тафтиш дорад.

Мақомоти қудратӣ бо коргарони кони нафт чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кардаанд. Манбаъ афзуда, ки айни ҳол қазия ҳал шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ