17:52 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Наручники, архивное фото

Зани тоҷик, ки ҳамсояашро бо зарби 12 корд кушта гурехт, дар Саранск боздошт шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27501

Додгоҳи ноҳияи Октябрскии Ҷумҳурии Мордовия нисбати шаҳрванди 36 солаи Тоҷикистон ҳукми ҳабси пешакиро содир намудааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар шаҳри Саранский  Ҷумҳурии Мордовия шаҳрванди 36-солаи тоҷик боздошт шуд, ки дар Тоҷикистон ӯ ҷинояти одамкуширо содир намудаст, хабар медиҳад  Mordovmedia M Ru.

Абдуллоева ҳанӯз моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Турсунзода ҳамсояи худро бо корд зада, ба ҳалокат расонидааст. Баъд аз содир намудани ҷиноят ӯ роҳ ба гурез мениҳад ва мақомоти марбута ӯро таҳти пайгард қарор медиханд.

Бо гузашти як сол аз ҳодисаи мазкур ин ҷинояткорро дар Ҷумҳурии  Мордовия дарёфт ва боздошт мекунанд. Гуфта мешавад, Абдуллоева аз  ҷониби сардори идораи пулиси рақами 1- уми раёсати Вазорати умури дохилаи шаҳри Саранск боздошт шудаст.

Маҳбас ислоҳ накард: ҷинояткори қаблан зиндоншуда боз боздошт шуд

Боздоштшуда дар ватани худ ҳамсояи хобгоҳашро бо 12 зарби корд зада куштааст.

Ҳоло Додгоҳи олии Федератсияи Русия дархости ҷониби Тоҷикистонро барои истирдоди Абдуллоева мавриди баррасӣ қарор дорад.

Феълан Абдуллоева дар ҳабс аст ва мӯҳлати боздошти ӯ 40 рӯз, то 5 уми августи соли 2019 ба назар гирифта шудаст.

Барчаспҳо:
фирорӣ, боздошт, Мордовия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ