02:56 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Нейт Диас қариб дастбагиребон мешуданд - видео

© AP / John Locher
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2830 0 0

Ба гуфти шоҳидон Диас ва дастааш ба назди ҷойи нишасти Ҳабиб омаданд ва миёни онҳо ҷанҷоли забонӣ сар зад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Зимни муҳорибаи UFC 239 қариб буд, варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Нейт Диас дастбагиребон шаванд.

Навори ин ҳодиса дар Twitter паҳн шудааст.

Ҳодиса дар толори тамошобинон ба вуқӯъ пайваст. Чуноне шоҳидон мегӯянд, Диас ва дастааш ба назди ҷойи нишасти Ҳабиб омаданд.

Духтари амрикоӣ, муборизи ММА ба Ҳабиб: биё ба ҷанги "шох"-и ман

Дар ҳамин ҳол миёни варзишкорон ҷанҷоли лафзӣ сар зад, вале дарҳол аз ҷониби рафиқони ҳарду тараф пахш шуд.

Замони набарди навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов муайян шуд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC Дар вазни сабук мебошад. Нейт Диас варзишкори амрикоӣ аз соли 2016 инҷониб дар ягон муҳориба рақобат накардааст ва моҳи августи соли ҷорӣ муқобили Энтони Петтиса ба октагон хоҳад баргашт.

Барчаспҳо:
муноқиша, қаҳрамони UFC, ҷанҷол, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ