15:01 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Здание МИД Узбекистана

Финландия 140 шаҳрванди Узбакистонро депорт кард

© Facebook
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
234 0 0

Бештар аз 100 шаҳрванди Узбакистон барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз ҳудуди Финландия ихроҷ шудаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Мақомоти вижаи Финландия 140 шаҳрванди Узбакистонро аз ҳудуди кишвар депорт кардаанд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон.

"Сафорати Узбакистон дар Рига (Латвия) хабари депорти 140 шаҳрванди Узбакистонро аз Финдландия бо далели занни доштани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тасдиқ карданд" - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Феълан сафорати Узбакистон вазъро таҳти назорат гиирифта, кӯшиш дорад, барои гирифтани маълумоти бештаре аз қазия бо мақомоти Финландия мулоқот кунад.

Сафорат мехоҳад муайян кунад, ки оё дар ҳақиқат шаҳрвандоне ки ба Финландия сафар карданд, дар бораи хатми донишгоҳ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карданд.

Рӯзи ҷумъа телевизиони давлатии Финландия гузориш дода буд, ки Хадамоти муҳоҷиратии Финландия қарор додааст, ки 140 шаҳрванди Узбакистонро бо далели доштани дипломҳои қлбакӣ, ки ба воситаи он дар хориҷа кор пайдо кардаанд, депорт кунад.

Бино бар иттилои телевизион, онҳо ҳуҷҷати хатми омӯзишгоҳеро пешниҳод кардаанд, ки 26 сол пеш, ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз фаъолият бозмонда буд.

Боздошти пирамард барои мардумфиребӣ: пул мегирифту ваъда медод хона харида медиҳад

Мавзӯъҳои асосӣ