19:13 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Школьники играют с телефоном в школе

Оё макотиби Русия низ аз истифодаи телефони ҳамроҳ даст мекашанд?

© Sputnik / Игорь Зарембо
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Наздики 67 дарсади шаҳрвандони Русия ба ҷонибдории пешниҳоди ҷорӣ шудани маҳдудият барои истифодаи телефони мобилӣ дар макотиб, раъй доданд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи як назарсанҷие, ки Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма доир намуда буд, маълум гардид, ки аксар шаҳрвандони Русия тарафдори манъи истифодаи телефони ҳамроҳ дар мактабҳо ҳастанд.

Аммо теъдоди тарафдорони ин назарпурсӣ дар қиёс ба соли гузашта коҳиш ёфтаст. Агар соли 2018 аз пешниҳоди ҷорӣ намудани маҳдудият, наздики 73 дарсари шаҳрвандон ҷонибдорӣ намуда бошанд, имсол шумораи онҳо наздики 6 дарсар кам шудаст.

Тибқи хулосаи назарсанҷӣ, маҳдудияти истифодаи телефони мобилӣ аз ҷониби 67 дарсари сокинони Русия дастгирӣ ёфт. Гуфта мешавад, аз ин миён 70 фисади ҷонибдоронро занҳо ташкил медиҳанд.

Таъмини амният: барои чӣ дар Тоҷикистон сим-кортҳо дубора сабт мешаванд

Назарпурсӣ миёни 1600 нафар шаҳрвандони аз 18 сола болои Русия доир гардида, 55 фисади иштирокчиён аз ҷорӣ намудани чунин маҳдудият дар макотибҳо раъйи манфӣ додаанд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан чунин пешниҳод аз ҷониби спикери парлумони Русия, Валентина Матвиенко садо дода буд.

Матвиенко пешниҳод намуда буд, ки дар макотибҳои Русия барои истифодаи телефони ҳамроҳ миёни толибилмон маҳдудият ҷорӣ шавад, зеро алъон ҷойи махсуси нигоҳдории телефон дар муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надорад.

Барои гирифтани шиносномаи нав чӣ лозим аст?

Сипас пешниҳоди Матвиенко аз ҷониби роҳбари Роспотребнадзори Русия, Анна Попова низ дастгирӣ ёфта буд. Попова изҳор намуда буд, ки барои санҷиш ва баррасии пешниҳоди Матвиенко, бояд  комиссияи махсус ташкил карда шавад.

Аммо блогернависи рус Андрей Бочаров, пешниҳоди Матвиенкаро сахт интиқод намуда афзуд, ки дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудияти истифодаи телефон дар муассисаҳои таълимӣ, он гоҳ макотиб ва маҳбусхонаҳо ҳамшабеҳ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон истифодаи телефони дастӣ дар макотиб чанд сол боз маҳдуд аст.

Дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин дар кишварҳои Озарбойҷон, Фаронса ва Олмон ба хонандаҳо бо телефони ҳамроҳ ба дарс ҳозир шудан қатъиян манъ аст.

Барои толибилмони аз 16 сола боло дар Финландия, Шветсия, Норвегия, Дания ва Британия танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ занг задан аз телефони ҳамроҳ иҷозат дода мешавад.

Барчаспҳо:
телефон, истифода, мактаб, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ