17:31 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Тафтиши бағоҷи мусофирон, акс аз бойгонӣ

Дар фурудгоҳи Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон бо 52 ҳазор доллар дастгир шуд

© Sputnik / Борис Бабанов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
187 0 0

Шаҳрванди Тоҷикистон мехост бе асноди лозима аз фурудгоҳи Екатеренбург, 52 ҳазор доллари амрикоиро ба ватанаш интиқол диҳад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар фурудгоҳи Колсоваи шаҳри Екатеренбург, шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқоли ғайриқонунии маблағи калон аз ҷониби гумрукчиён боздошт шуд, хабар медищад агентии Новый день.

Бар хабари манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон, ки азми сафар аз шаҳри Екатеринбург ба Хуҷандро дошт, аснои аз назар гузаронидани бағоҷаш ба даст афтод. Ӯ мехост наздики 52 ҳазор доллари амрикоиро бе таҳияи асноди лозима ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Тибқи қонунгузории Русия, аз қаламрави ин кишвар берун баровардани беш аз 10 ҳазор доллар бе санади иҷозатномаи интиқоли маблағ, қатъиян манъ аст.

Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Зимнан дар қиболи шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардидаст. Ба мусофири тоҷикистонӣ барои интиқоли ғайриқонунии маблағ, ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати ду сол пешбинӣ мешавад.

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон баробар ба 35-37% ММД кишвар аст

Зикр мегардад, ки аснои бозпурсӣ шаҳрванди Тоҷикистон натавонист фаҳмонад, ки ин қадар маблағро аз куҷо дарёфт намудаст ва дар Русия ба чӣ кор машғул будааст.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, маблағ, интиқол, тоҷик, шаҳрванд, боздошт, фурудгоҳ, Екатеринбург

Мавзӯъҳои асосӣ