22:10 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов

Истироҳати президент: Бердимуҳаммадов рухсатиашро чӣ гуна мегузаронад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
761 0 0

Рӯзи аввали рухсатӣ, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзи аввали рухсатии худ навиштани ҷилди 11-уми китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро ба итмом расонид, хабар медиҳад рӯзномаи русии Туркманистон "Нейтральный Туркменистан".

Баъди “Манбаъи хирад” президент дар бораи чой китоб навишт

Бино ба иттилои рӯзнома, раисиҷумҳур таҳрири китобро анҷом доду нуқтаи охиринро гузошта онро ба нашриёт дод.

"Саҷда ба модар-саҷда ба Худост": раисҷумҳур дар бораи модараш китоб навишт

Пасон президент бо набераҳояш дар ҳавои тоза гашту гузор кард.

"Раҳбари давлат ба набераҳояш дар бораи табиати бойи Туркманистон нақл кард", - омадааст дар хабарнома.

Президенти Туркманистон дар рухсатӣ ду китоби дигар менависад

Президенти Туркманистон муаллифи чандин китобҳо мебошад.

Тирпарронии бехатои раисиҷумҳури Туркманистон аз болои дучарха: видео

Китоб дар бораи аспҳои ахалтегӣ  "Ахалтегин-фахр ва ифтихори мо", романи "Паррандаи хушбахтӣ" ва ҳамчунин асари чандҷилдаи "Растаниҳои доруии Туркманистон " машҳуртарини онҳо ба шумор рафта, ба забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ тарҷума шудаанд.

Барчаспҳо:
истироҳат, таътил, раисиҷумҳур, Туркманистон, Ишқобод, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

Мавзӯъҳои асосӣ