19:18 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
 Президент РФ Владимир Путин

Путин падари таъмидии духтари Оливер Стоун мешавад

© Sputnik / Валерий Мельников
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Коргардони амрикоӣ Оливер Стоун ба Владимир Путин пешниҳод кард, ки падархонди духтараш шавад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эҳтимол аст, президенти Русия Владимир Путин падари таъмидии (крёстный отец) духтари коргардони амрикоӣ Оливер Стоун шавад.

Ҳангоми мусоҳиба барои филми "Таърихи ногуфтаи Украина", Владимир Путин нақл кард, ки сиёсатмадори украинӣ Виктор Медведчук, ки бо Путин хуб ошност, хоҳиш кардааст, ки Путин дар маросими ғусли таъмиди духтараш ширкат кунад.

"Мувофиқи анъанаи проваславӣ рад кардан мумкин нест", - шарҳ дод Путин.

Владимир Путин илова кард, ки падархонд будан шарафи бузург аст.

Ситораҳои шоколадхӯрак: Путин ва дигар сиёсатмадорони ширинидӯстдор - Акс

Дар ин росто, Оливер Стоун пешниҳод кард, ки Владимир Путин падари таъмидии духтари 22-солаи ӯ шавад.

Президенти Русия суол кард, ки оё духтараш проваславӣ ҳаст ё дар дигар дину мазҳаб.

Донишҷӯй Путинро диду аз ҳуш рафт – Навор

"Мо ӯро проваславӣ мекунем", - бовар кунонд Стоун.

Мусоҳибаи нави Путин бо Оливер Стоун: президент гуфт, Русияву Украина наздик мешаванд

Коргардони амрикоӣ дар идомаи суҳбат қайд кард, ки духтараш имондор аст ва дар чорчӯби ахлоқи  дини насронӣ ба воя расидааст.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Русия, масеҳӣ, падар, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ