11:01 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент РФ Владимир Путин

Путин сабаби эҳтимолии тарки курсии президентиро гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3877 0 0

Муҳлати кунунии президентии Владимир Путин соли 2024 анҷом меёбад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки агар хаста мебуд, бори чорум номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод намекард.

Дар ин бора президенти Русия дар мусоҳиба бо коргардони амрикоӣ Оливер Стоун гуфт. Ин мусоҳибаро хадамоти матбуотии Кремл нашр кардааст.

Оливер Стоун аз Владимир Путин пурсид, ки аз президентӣ хаста нашудааст. Путин ҷавоб дод, на.

"Агар ман хаста мебудам, бори чаҳорум ба мақоми президентӣ намерафтам", - қайд кард, кишвардори Русия.

Мусоҳибаи нави Путин бо Оливер Стоун: президент гуфт, Русияву Украина наздик мешаванд

Зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия низ, Владимир Путин ин матлабро гуфта буд.

Киро Владимир Путин ба ҷои "худ" сазовор медонад?

Дар мусоҳиба бо нашриёти итолиёӣ бошад, сиёсатмадор гуфт, ки бояд панҷ соли дигар сахт кор кунад ва ҳоло барои интихоби шуғли пас аз президентӣ, фикр ҳам накардааст.

Барчаспҳо:
президентӣ, курсӣ, тарк, Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ