17:31 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президент Туркмении Гурбангулы Бердымухаммедов

Сафорати Туркманистон хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро рад кард

© AP / Alexander Vershinin
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3839 0 0

Сафорати Туркманистон хабари даргузашти раисиҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сафорати Туркманистон дар Русия хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро бардуруғу бепоя гуфт, менависад, RT.

"Ин дурӯғи маҳз аст. Мо ин хабарро рад мекунем", - гуфт намояндаи сафорат.

Пештар хабар дода шуд, ки президенти Туркманистон рӯзи 15 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромад.

Гуфта шуд, ки рӯзи аввали рухсатӣ, Бердимуҳаммадов навиштани ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард.

Имрӯз бошад дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи вафоти президент паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.

Истироҳати президент: Бердимуҳаммадов рухсатиашро чӣ гуна мегузаронад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пас аз вафоти Сафармурод Ниёзов (Туркменбошӣ) соли 2006, сари қудрат омад.

Соли 2017 бо гирифтани 97 дарсади овозҳо Бердимуҳаммадов бори саввум раисиҷумҳури Туркманистон интихоб шуд.

Рэпи нави президенти Туркманистон: матни худашу оҳанги наберааш - видео

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 29 июни соли 1957 дар вилояти Ишқободи Туркманистон ба дунё омадааст.

Барчаспҳо:
фоҷиа, даргузашт, президент, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ