06:29 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Президент Украины Владимир Зеленский

Маълум шуд, Зеленский дар курсии президентӣ чӣ қадар музд мегирад

CC BY 4.0 / Пресс-служба президента Украины
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1495 0 0

Дастгоҳи Президенти Украина хабар дод, ки Владимир Зеленский дар моҳи аввали корӣ чӣ қадар даромад дорад

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Моҳонаи Владимир Зеленский кишвардори Украинаро нашриёти "Громадське", бо такя ба Дастгоҳи раисиҷумҳур нашр кардааст.

Дар моҳи июн президенти Украина наздики 28 ҳазор гривен ки ба пули русӣ 72 ҳазор рубл ва ба тоҷикӣ (беш аз 10 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил додааст.

Акси Зеленский дар пляж корбарони интернетро ба хашм овард

Нашриёт қайд кардааст, ки ба ин музд ягон навъи иловапулӣ ё мукофотпулӣ ба президент дода нашудааст.

Зеленский гуфт, киро ба курсии сарвазирӣ сазовор медонад

Андоз аз даромад 5,5 ҳазор гривен наздики 14 ҳазор рубл ва беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Дастгоҳи президент ҳамчунин қайд карда, ки моҳонаи раисиҷумшури кунунӣ аз музди меҳнати кишвардори пешин ҳеҷ тафовуте надорад.

Барчаспҳо:
доллар, маблағ, музди меҳнат, Президент, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ