Даҳҳо кас кушта шуд: андӯҳи Раҳмон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар ИМА

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ИМА Доналд Трамп изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Имрӯз,  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи таслият ирсол намудааст.

Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар номаи таслияти кишвардори Тоҷикистон аз ҷумла омадааст.

"Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боиси андуҳи бепоёни ин ҷониб гардид", - омадааст дар номаи Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба осебдидагон шифои комиил таманно кардааст.

"Дар иртибот ба ин зуҳуроти манфури зӯроварӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам".

Ёдрас мешавем, ки дар паи тирпаррониҳо дар иёлотҳои Техас ва Огайои Амрико 29 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0