23:37 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Боевики ИГ в Сирии, архивное фото

Вазорати дифоъи Амрико шумори ҷангҷӯёни пинҳонии ДОИШ дар Сурия ва Ироқро шумориш кард

AP Photo/Raqqa Media Office, File
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Вазорати дифоъи Амрико эълон намуд, ки шумори ҷангҷӯёни ДОИШ, ки дар Сурия ва ироқ фаъолияти пинҳонӣ доранд, тақрибан 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Шумори ҷангҷӯёни пинҳонии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ метавонад 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар гузориши нозири кулли Вазорати дифои Амрико Гленн Файн доир ба ҷараёни амалиёти “Иродаи қавӣ”.

“Масъулини амалиёт  дар асоси иттилоъ аз сарчашмаҳои озод хабар доданд, ки шумори ҷангҷӯёни ДОИШ дар Ироқ ва Сурия аз 14 то 18 ҳазор нафар, аз ҷумла бо назардошти се ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ боқӣ мондааст”, -гуфта шудааст дар гузориш.

Шӯрои амнияти Русия: дар сафи гурӯҳи ДОИШ шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст

Инчунин дар гузориш таъкид шудааст, ки омори муассаҳои гуногун ва мутахассисон  дар ин бора дигаргун мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта намояндаи вижаи Амрико доир ба Сурия Ҷеймс Ҷефри хабар дода буд, ки дар Сурия ва Ироқ наздик ба 15 ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ боқӣ мондааст.

Замир Кабулов: Ҷангҷӯёни ДОИШ мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором созанд

Амрико ҳамроҳ бо шариконаш аз соли 2014 то имрӯз дар Ироқу Сурия бар зидди ДОИШ амалиёт мегузаронанд, аз ҷумла дар Сурия амалиёти онҳо бидуни иҷоҳзаи расмии давлати ин кишвар сурат мегирад.

Барчаспҳо:
шумора, ҷангҷӯ, Пентагон, Ироқ, Сурия, ДОИШ

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3165
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    770
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    651