18:39 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Концерт певицы  Наргиз в Ереване

Максим Фадеев намегузорад Наргиз сурудҳояшро иҷро кунад

Sputnik/ Asatur Yesayants
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Наргиз дигар ҳуқуқ надорад, сурудҳоеро, ки ба маркази продюсерии MALFA ва Максим Фадеев тааллуқ дорад, сарояд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Овозхони машҳур, Наргиз дар саҳифаи Instagram - и худ хабар додааст, ки маркази продюсерии Максим Фадеев ба ӯ номаи расмӣ равон карда ва талаб дорад, созишномаи ҳамкориро барҳам диҳад.

Аз ин ва баъд Наргис ҳуқуқ надорад, маводҳои омодакардаи маркази продюсерии MALFA - ро иҷро кунад. Ҳамчунин ширкат баргузории сафари ҳунарии сароянда, ки бояд моҳи август сурат гирад, даст кашидааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Мои дорогие друзья и поклонники! Сегодня, за сутки до отъезда в концертный тур, я узнала от организаторов моего концерта в Воронеже и в Ростове-на-Дону, что сам концерт отменяется, якобы, потому, что я отказалась выезжать в тур. Письмо такого характера организаторы получили из продюсерского центра «MALFA». Для меня и моей команды это стало новостью, так как мы собирались выехать сегодня вечером, несмотря на риски и ситуацию, которая началась ещё 16 июля 2019 года, когда я получила официальный документ о намерении лейбла «MALFA» запретить мне исполнять музыкальные произведения Максима Фадеева, документ о расторжении контракта с лейблом, а также фактический отказ продюсерского центра от обязательств по туру. Получается, что мой августовский тур и по остальным городам: Юрмала, Красногорск, Чайковский - также находится под угрозой срыва. Мое обращение о разъяснении ситуации, направленное непосредственно Максиму Фадееву и компании «MALFA», было проигнорировано. Я благодарна организаторам за понимание. Я очень сожалению о том, что вновь возникли обстоятельства, которые мешают мне выступить перед вами, моими поклонниками. Напомню, что это не первый случай. В мае этого года мой Американский тур был сорван также по вине руководства и представителей лейбла «MALFA». Прошу прощения за совершенно не свойственный мне официоз, но из песни слов не выкинешь. Я непременно встречусь с вами! И будут у нас вечерины! И будем мы также страстно обниматься и зажигать, НО уже под другую , новую , мою музыку! Я вас безумно люблю ! До скорой встречи! Ваша NZ🖤

Публикация от NARGIZ (@nargizzakirova_official)

Дар ин росто, ҳунарнамоии Наргиз дар Юрмала, Красногорск ва Чайковский зери суол мемонад.

Овозхон ҳамчунин гила кардааст, ки моҳи май низ ба айби ширкати MALFA сафари ҳунарии ӯ ба Амрико, боз дошта шуд.

"Ман албатта бо шумо дидор мекунам. Ва чун пештар мо хушию хурсандӣ мекунем. Вале таҳти дигар мусиқӣ, мусиқии ман! Ман шуморо бисёр дӯст медорам. То дидор!", - навиштааст Наргиз.

Ёдовар мешавем, ки Наргиз дар хонаводаи мусиқачиёни машҳур дар Узбакистон ба дунё омадааст.

Нахустин бор ӯ дар синни чорсалагӣ рӯи саҳна баромадааст.

Соли 2013 ба даври ниҳоии тарҳи телевизионии "Голос" роҳ ёфта, аз моҳи апрели соли 2014 бо продюсери номӣ Максим Фадеев ҳамкорӣ кардааст.

1 сентябри соли 2016 рӯнамоии намоҳанг ва суруди муштараки Наргиз ва Максим Фадеев зери унвони "Вдвоём" баргузор шуд.

Ин суруд, дар албоми Наргиз "Шум сердце" (Садои қалб) панҷумин суруд мебошад.

Барчаспҳо:
консерт, сароидан, шеър, суруд, Русия, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ