Раисиҷумҳур рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълом кард ва се рӯз истироҳат дод

© SputnikПразднование Иди Курбон в Душанбе
Празднование Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Туркманистон ҳамасола раисиҷумҳури ин кишвар бо имзои қарори вижа рӯзи Иди Қурбонро эълом мекунад

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Туркманистон имсол Иди Қурбон се рӯз, 11, 12 ва 13 август таҷлил карда мешавад.

Президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин се рӯзро истироҳат эълом кардааст.

Баран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иди Қурбон-2019: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн

Қарори дахлдор аз ҷониби раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни сафари кориаш дар нишаст дар шаҳри Туркменбошӣ имзо шудааст. Мувофиқи ин қарор, таътили рӯзи 11 август ба рӯзи чоршанбе, 14 август гузаронида мешавад.

Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео

Ҳамаи корхонаҳо ва ширкатҳо новобаста аз шакли моликияташон вазифадор шудаанд, ин фармонро иҷро кунанд.

Дар Туркманистон ҳамасола раисиҷумҳури ин кишвар бо имзои қарори махсус рӯзи Иди Қурбонро эълом мекунад.

Суҳбати динии Раҳмон: аз бародарони шайтон то хони идона ва шарти анҷоми Ҳаҷу Қурбонӣ

Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз идҳои асосии мусалмонон аст. Ин ҷашн дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда мешавад.

Дар Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи 11 август таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0