06:50 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
шамоли сахт дарахтро решакан кард, архивное фото

Тундбоди шадид дар Чин як миллион нафарро беҷо кард

© Фото : фото очевидца, отправленное по Whats App-каналу
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Бар асари тӯҳфони шадид, ки ба лағжиши хок оварда расонд, 13 нафар ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Дар Чин бар асари тундбоди шадид 13 нафар ҷон бохтанд ва 16 тани дигар сахт маҷрӯҳ шуданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Синхуа".

Бар хабари манбаъ тӯҳфон сабаби лағжиши хок шуд ва беш аз 1 миллион нафар тарки манзилҳои худ намуданд.

Тундбоди шадид ҷони ду кӯдакро дар Тоҷикистон рабуд

Зимнан хабар дода мешавад, ки тӯҳфон имрӯз аллакай ба вилояти шарқии Жейҷианг расидаст ва суръати тундбод дар як соат 187 километрро ташкил медиҳад.

Мақомоти ин кишвар аз сокинони манотиқе, ки зери хавф қарор доранд, даъват намуданд, ба хонаҳои худ нараванд.

Тундбоди шадид дар Макка зоиринро зер кард (ВИДЕО)

Гуфта мешавад парвози ҳавопайҳо низ дар вобастаги ба  ин офати табии манъ карда шудаст. Ҳаракати 200 қатор аз шаҳри Ҷинан дар вилояти Шангдон низ то рӯзи душанбе муттавақиф шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ