03:44 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Молодая пара в кровати под покрывалом

Коршинос гуфт, чӣ тавр метавон хиёнаткории ҳамсарро маълум кард

CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2105 0 0

Ин коршисон дар муайян кардани хиёнаткории ҳамсарон таҷрибаи бой дорад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Детектив аз шаҳри Сиднеи Австралия дар бораи нишонаҳои аввалини хиёнаткории ҳамсар нақл кард.

Пешгӯии коршиносро Daily Mail нашр кардааст.

Коршинос бовар дорад, ки нишонаҳои аввалини хиёнаткории ҳамсар бисёр аён аст.

Ӯ мегӯяд, агар ҳамсаратон ба шумо бовар надорад, бояд бодиққат бошед.

"Масалан, телефонро на ба пушт балки ба рӯй мегузорад, то шумо номаҳои навиштаи ӯро набинед", - маслиҳат медиҳад коршинос.

Пештар олимон гуфта буданд, ки кадом мардон ба хиёнат қодиранд.

Коршиносон аз рӯи намуди зоҳирии мардон муйян карданд, ки бештар, мардони танӯманду бузургҷусса ба хиёнат қодиранд. Лабони борик ва абрӯҳои кӯҳмонанд аз дигар нишонаҳои мардони "хиёнаткор" номбар шудааст.

Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд

Аммо муайян кардани зани хиёнаткор бо нишонаҳои рӯй мушкилтар будааст.

Олимон маслиҳат медиҳанд, ки одамро аз рӯи намуди зоҳирӣ баҳогузорӣ накунанд, вале бовар доранд, ки ин тадқиқоташон барои интихоби ҷуфти муносиб ба занон кӯмак хоҳад кард.

Барчаспҳо:
хиёнат, коршиносон, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ