01:14 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15

Трамп барои муддате аз курсии президентӣ "канор" меравад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1034 0 0

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рухсатии кутоҳмуддат мебарояд, то аз сиёсат каме дам гирад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, ба рухсатӣ баромад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

Гуфта мешавад, ки Трамп мехоҳад замони рухсатиаш дар иёлоти Ню-Ҷерсӣ дар клуби голфи Бедминстер истироҳат кунад.

Жээнбеков истироҳат мекунад: рухсатии президент дар куҷо мегузарад?

Дар бораи расман ба рухсатӣ баромадани Трамп ҳанӯз хабар дода нашудааст, вале гуфта мешавад, президенти ИМА, муддати 10 рӯз аз сиёсат канор меравад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки пеш аз ба рухсатӣ баромадан, Трамп дар назди ҷонибдоронаш баромад карда, дар барои барномаи пешазинтихоботии соли 2020, ҳарф хоҳад зад.

Пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба рухсатӣ баромада, истироҳаташро дар ҳудуди Узбакистон мегузаронад.

Бердимуҳаммадов дар “Дарвозаи дӯзах”: видеои нави истироҳати раисиҷумҳур - навор

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи аввали рухсатӣ, ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард.

Барчаспҳо:
таътил, истироҳат, рухсатӣ, Доналд Трамп, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ