21:47 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Маленькая девочка стоит у забора

“Хоҳиш мекунам маро масхара накунед” : чӣ гуна духтари 10-сола кампир шуд - Видео

© CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1030 0 0

Духтарак ҳамарӯза ба таҳқиру масхараи ҳамсолонаш тоб меорад ва орзу дорад, ки тавассути ҷарроҳии пластикӣ симои кӯдаконаи худро барқарор кунад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сокини як деҳкада дар Камбоҷа аз руйи касалии ғайриодияш ба кампири солхӯрда монанд шудааст, менависад нашрияи The Daily Mail.

Бар хабари манбаъ, ҳарчанд синну соли Бо Ракчин 10 сол аст, аммо ӯ ба мисли нафақахӯри 60 сола бисёр куҳансол менамояд.

Гуфта мешавад ӯ аз батни модар ҳам бо руйи пури ожанг таваллуд шудааст. Зимнан ташхиси дақиқи касалии Ракчин номаълум аст, зеро ӯ боре ҳам барои муайян намудани ин бемориаш ба пизишкон муроҷиат нанамудааст.

Номбурда пайваста таҳти масхараву таҳқири ҳамсолонаш қарор мегирад.

"Миёни бародар ва хоҳарҳоям танҳо зоҳири ман куҳансол менамояд. Онҳо маро на хоҳар, балки бибӣ гуфта муроҷиат мекунанд. Ман доимо хоҳиш мекунам, ки масхараам накунанд, вале онҳо ҳамоно ба кори худ идома медиҳад", - бо таассуф изҳор доштаст Бо Ракчин.

Барчаспҳо:
10-солагӣ, ҷавон, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ