11:14 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Афганские поселения на границе Афганистана и Таджикистана

Ҷаласаи фаврии раисиҷумҳур дар паи инфиҷор дар маросими арӯсӣ

© Sputnik / Амир Исаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
299 0 0

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ашраф Ғанӣ пас аз ҳодисаи маргбор дар маросими издивоҷ ҷаласаи фаврӣ баргузор ва аз ҳамлаи хунини рӯзи шанбе, шадидан маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар инфиҷори тарабхона дасти кам 68 нафар ҷон бохтанд ва 182 нафари дигар маҷрӯҳ шудҳанд.

Раисҷумҳури ин кишвар аз ҳукуматдорони Афғонистон хост то дар мубориза бар зидди чунин ҳамалоти ғайриинсонӣ сарҷамъ шаванд ва дастҷамъона мубориза баранд.

Гуфта мешавад, масъулияти ҳамлаи маргборро ҷангиёни Давлати исломӣ бар уҳда гирифтанд.

Фоҷиа: ҳалокати 68 нафар дар як маросими туй

Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо, тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба пайвандони афроди кушташуда дар маросими издивоҷ дар Афғонистон, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳу суббот дар ин кишвари ҷангзада даъват намуд.

Барчаспҳо:
раисиҷумҳур, маҳкум, инфиҷор, Афғонистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ