18:22 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху и его супруга Сара Нетаньяху, архивное фото

Халабон парешонҳол кард: ҳамсари Нетаняҳу нону намаки Украинаро зери по кард - навор

© Sputnik / Алексей Витвицкий
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
775 0 0

Бонуи аввали Исроил Сара Нетаняҳу, ҳануз дар фурудгоҳи Исроил парешонҳол буд ва пеш аз парвоз ба Киев норозигӣ мекард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Сара ҳамсари нахуствазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу дар Фурудгоҳи Киев бо нону намак пешвоз гирифтанд, аммо хонум Сара онро начашида ба замин андохт.

Ҳодисаи мазкурро камераҳо ба навор гирифтанд. Дар навор дида мешавад, ки баъд аз фуруд омадани ҳавопаймои нахуствазири Исроил се духтари укроинӣ бо либоси миллӣ ва бо нону намак  Бенёмин Нетаняҳу ва ҳамсарашро пешвоз мегиранд.

Бенёмин Нетаняҳу як пора нонро шикаста ба намак тар карда мехурад ва сипас ба ҳамсараш пешниҳод мекунад. Сара Нетаняҳу монанди ҳамсараш накард, ӯ ба пораи нон ҳайрон нигоҳ карду ба замин андохт.

Қаблан расонаҳои Исроил хабар дода буданд, ки бонуи аввали ин кишвар пеш аз парвозаш ба шаҳри Киев ҳануз дар фурудгоҳи Исроил парешонҳол буд. Сабаби ин нохушҳолии вай сардори ҳавопаймо шуда, ки ба гумони вай, ҳангоми савор шуданаш ба ӯ чунон ки бояд эҳтиром нагузоштааст. 

Сафири Исроил дар Тоҷикистон мақомашро тарк мекунад

Бонуи аввали Исроил аз он норозӣ будааст, ки халабон ба ӯ нагузоштааст ба кобини ҳавопаймо дохил шавад. Ҳамин ҳодиса сабаби нохушҳолии вай шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми 20 сол ин аввалин сафари нахуствазири Исроил ба Украина мебошад. Дар довоми сафари худ қарор аст, нахуствазири Исроил, як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкориро бо мақомоти Украин ба имзо расонад.       

Барчаспҳо:
навори пешвоз, нахуствазир, сафари расмӣ, Киев, Исроил

Мавзӯъҳои асосӣ