10:51 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ҷангиёни ДИИШ. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Петербург ҳукми шаҳрванди тоҷик, ки нияти ба ДОИШ пайваст шуданро дошт эълон кард

© AP / Militant Website
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Шаҳрванди Тоҷикистон ба нияти дарёфти кор ба русия омад, вале бо гузашти чанде аз ҷониби дӯсташ мағзшуйӣ шуда хост барои ҷиҳод озими Сурия шавад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии ноҳияи Маскав дар заминаи додгоҳи ҳарбии ноҳияи Ленинград ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар азми пайваст шудани ба ҷангиёни "Давлати исломӣ" айбдор дониста мешуд, эълон намуд, хабар медиҳад сомонаи "78".

Бар хабари манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли 2017 ба хотири дарёфти кор ба шаҳри Санкт- Петербург омадаст.

Бортников: террористҳо кӯшиш мекунанд дар Русия донишҷӯёни хориҷиро ҷалб кунанд

Зимнан чанде пас номбурда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносаш, ки дар сафи ҷангиёни "Давлати Исломӣ" қарор дорад, тамос барқарор намуд.

Рафиқаш ба ӯ пешниҳоди пайваст шудан ба сафи ДОИШ намуд ва ин муҳоҷир низ дархости дӯсташро қабул кард ва дар азми сафар ба Сурия қарор дошт.

СММ: дар ҳафт сол ба узвияти ДОИШ 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаст

Зимнан манбаъ меафзояд, ки шаҳрванди тоҷикистониро боздошт намуданд ва додгоҳ ӯро ба муддати 4 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран СММ дар як гузориши худ эълон кард. ки  сар аз соли 2012 то ба имрӯз ба сафи созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) наздики яку ним ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шомил шуданд.

Барчаспҳо:
ДОИШ, тоҷик, шаҳрванд, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ