10:55 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Молодые люди курят электронные сигареты

Сигори одамкуш: фавти як амрикоӣ пас аз кашидани "Вейп"

© Sputnik / Владимир Сергеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Пизишкон муайян намуданд, ки омили асосии фавти шаҳрванди амрикоӣ маҳз кашидани сигори электронӣ боис шудаст

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Амрико барои бори нахуст фавти як шаҳрванд ба қайд гирифта шудаст, ки пас аз кашидани сигори электронии "Вайп" ба вуқӯъ пайвастааст.

Депортаменти беҳдошти иёлоти Иллинойс хабар медиҳад, ин марҳум дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Омили асосии хурӯҷи бемории ӯро пизишкон ба  кашидани зиёди сигори электронӣ рабт медиҳанд.

Зимнан Депортаменти беҳдошти Амрико аз зиёд шудани чунин ҳолатҳо дар Амрико бонки изтироб мезананд.

Ба изҳори намояндагони депортамент вақтҳои охир интиқоли беморони шуш ба бемористонҳо зиёд ба қайд гирифта мешавад ва аз нисф беши онҳо маҳз пас аз кашидани барзиёди сигори "Вайп" мариз мешаванд.

"Феълан дар бемористонҳо 22 нафар маризони аз 17 то 38 сола қарор доранд, ки пизишкон ваъи саломатии онҳоро гайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Мутахассисони амрикоӣ кӯшиш доранд сарчашмаи беморияшонро муайян кунанд. Ҳадс зада мешавад, ки сабабгори маризияшон маҳз кашидани сигори электронии "Вайп" аст", - гуфта мешавад дар хабари депортамент.

Хабар дода мешавад, ки чунин ҳолатҳо аз ҳама зиёд дар иёлотҳои Висконсин, Иллинойс, Калифорния, Индиана ва Миннесота ба қайд гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ бошад, аз 28 июн то 15 августи соли равон 94 ҳолати бемории шуш миёни ҷавоно пас аз кашидани сигори электорнӣ сабт гардидаст.

Барчаспҳо:
ҳалок, сигор, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ