17:23 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
377 0 0

Маликаи Бритониёи Кабир Елизавета II аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп норозигӣ кардааст, ки чаманзори қасрашро хароб кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маликаи Бритониё Елизавета II аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шикоят кардааст, ки чамани назди қасрашро хароб кардааст, иттилоъ додааст рӯзномаи Daily Mail.

Борис нахуствазири Бритониё мешавад

Норозигии худро Маликаи Бритониё Елизавета II зимни мулоқот бо нахуствазири Австралия Скотт Моррисон баён намудааст.

Маликаи Бритониё Елизавета нақл кардааст, ки чархболҳои раисҷумҳури Амрико дар чамани назди қасраш фуруд омаданд ва ба ҳамин хотир дар чаманзор пайи чархҳои чархболҳояш боқӣ мондааст.

Дидори шаҳрдор ва сафир: Бритониё дар барномаҳои Душанбе саҳм мегузорад

“Биё ба чамани ман нигоҳ андоз. Чаман хароб шудааст” – таъкид намудааст Маликаи Бритониё Елизавета II.

Ёдрас мешавем, ки сафари расмии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания ба Бритониё аз 3 то 5 июн сурат гирифта буд.

Барчаспҳо:
норозигӣ, Доналд Трамп, Трамп, малика, Бритониёи Кабир, Бритониё

Мавзӯъҳои асосӣ