16:20 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Принц Карим Ага-хан IV

Барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ муайян шуданд

© Facebook / Aga Khan Development Network
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
563 0 0

Барандагони ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонии Aga Khan Awards for Architecture муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Рӯзи 29 август дар Қазон барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ барои соли 2019 муаррифӣ шуданд. Ғолибони ин ҷоизаи бонуфуз як миллион долларро миёни худ тақсим хоҳанд кард.

Миёни барандагони ҷоизаи бонуфузи ҷаҳони меъморӣ - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Татаристони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Татаристон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ шуданд.

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбайи Сенегал, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Мутаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохати ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон дар риштаи меъморӣ - натанҳо барои тарҳи нодири меъморӣ супурда мешавад, балки бештар барои беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мусулмонон тавассути тарҳи меъморӣ нигаронида шудааст.

Ҷоизагирии Завқибеков ва Олимов аз дасти Оқохони IV ва президенти Португалия - акс

Aga Khan Awards for Architecture - соли 1977 аз ҷониби Аълоҳазрат Оқохони чаҳорум бо мақсади дарёфти тарҳҳои нодири меъморӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё, роҳандозӣ шудааст.

Ҷоизаи меъморӣ дар бахшҳои зерин супорида мешавад: "Дизайни муосир", "Иншооти ҷамъиятӣ", "Рушди фазои истифодаи умум", "Нигоҳдории иншооти таърихӣ", "Азсаргирии истифодаи иншооти арзиши таърихидошта", "Дизайни ландшафтӣ" ва "Мудернизатсияи фазо".

Шоҳзода Карим Оқохон яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

Ҷоиза 42 сол боз инҷониб супорида шуда, то имрӯз 122 тарҳ барандаи Aga Khan Awards for Architecture шудааст. Дар умум то соли 2019 барои дарёфти Aga Khan Awards for Architecture беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ