00:37 18 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Субҳи имрӯз бар асари фаромадани тумани ғафс парвози 130 ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав ба таъхир афтоданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ба иттилои сомонаи РИА Новости, субҳи имрӯз бинобар фаромадани тумани ғафс парвози беш аз сад ҳавопаймо аз фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав  ба таъхир афтоданд.

Ба иттилои манбаъ, парвози 121 ҳавопаймо комилан манъ ва ҳамчунин 9 парвози тайёраҳоро ба самтҳои гуногун аз фурӯдгоҳи Маскав ба таъхир андохта шуданд.

Ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Ҳамин тариқ, субҳи имрӯз, сар аз соати 07:45 дақиқа парвози 28 ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи Внукова, ва 26 парвози дигар аз Домодедова ба қафо андохта шуда, ҳамзамон таъхиркорӣ дар парвози 67 ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи Шереметова низ ба қайд гирифта шуд.

Зимнан гуфта мешавад, ки таъхиркорӣ дар парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи Жуковский сабт нагардид.

Хабар дода мешавад, ки парвози ҳавопаймоҳо пас аз соф шудани осмон дубора аз сар гирифта шуданд.

Барчаспҳо:
таъхир, парвоз, ҳавопаймо

Мавзӯъҳои асосӣ