07:56 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Обручальные кольца на столе

Шаҳрванди Бритониё бо дарахт издивоҷ намуда қасд дорад "насаб"- и онро гирад

CC0 / marcojean20 / pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Бо издивоҷи ғайричашмдошт ин сокини Меллинг мехост зиддияти худро дар қиболи тахриби боғ барои сохтмони роҳи мошингузар иброз намояд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Сокини шаҳри Меллинги Бритониё Кейт Каннингем бо дарахт издивоҷ карда ният дорад насаби худро низ иваз кунад, хабар медиҳад Liverpool Echo News.

Наварӯс 34 сол дошта соҳиби ду фарзанд ва ҳамчунин дӯстдошта низ дорад. Хонаводаи Кейт аз аввал муқобили тасмими гирифтаи ӯ буданд, вале сипас розӣ шуданд ва ҳатто дар маросими арӯсӣ низ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, бо издивоҷи ғайричашмдошт, ин сокини Меллинг зиддияти худро дар қиболи тахриби боғ барои сохтмони роҳи мошингузар иброз намояд.

Кейт бар ин бовар аст, ки дар сурати тахриб намудани боғ ба саломатии бошандагони гирду атрофи он осеби ҷиддӣ расонида мешавад.

Барчаспҳо:
дарахтон, издивоҷ, Британия

Мавзӯъҳои асосӣ