18:40 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Хабиб Нурмагомедов

Фергюсон ташнаи "хун"- и Нурмуҳаммадов: Тони замони рақобатро гуфт

© AP / John Locher
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
203620

Тони Фергюсон эълон кард, ки омода аст бо қаҳрамони русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи декабр рақобат кунад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Размикори муҳорибаҳои омехта, Тони Фергюсон гуфт омода аст, моҳи декабр дар рақобати UFC 245, бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон барояд, хабар медиҳад, ESPN.

"Медонед, чӣ? Ман худи ҳозир ба ӯ занг мезанам. Мо бояд моҳи декабр ба майдон бароем. Ман барои ту чизе дорам. Ман мехоҳам моҳи декабр рақобат кунам. Ман аз як рақобат дар як сол, хаста шудаам", - изҳор дошт варзишкори амрикоӣ.

Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард

Ёдрас мешавем, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 8 сентбяр дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дастболо шуд.

То рақобати Ҳабиб ва Дастин дар Абу-Дабӣ, президенти UFC борҳо гуфта буд, ки Тони Фергюсон бо ғолиби ин рақобат ба майдон хоҳад баромад.

Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо

Тони Фергюсон аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши рақобат дар октагонро доштанд, вале вохӯриашон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд. Бори охир рақобати миёни Тони ва Ҳабиб ба далели захми варзишкори амрикоӣ, баргузор нашуд.

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Фергюсон 12 бор пайи ҳам пирӯз шудааст. Ин варзишкори амрикоӣ ҳамагӣ 25 бор ба октагон баромада ва танҳо се маротиба мағлуб шудааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор ба майдони разм баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

Мавзуъ

Тақдими ҷомаи зардӯзӣ ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов - видео
Ҳабиб рекорди нав гузошт: шумораи ҳамвандонаш ба 16,4 миллион нафар баробар шуд
Макгрегор хостори сабқат бо Нурмуҳаммедов шуд: Ҳабиб мехоҳад "девонагӣ"-ҳоро фаромӯш кунад
Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт
Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо
Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре
Акси Ҳабиб бо парчами Тоҷикистон: мухлисони тоҷик ба пирӯзии ӯ бовар доранд
Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ