Русия ба муносибати Ҷоизаи меъмории Оқохон марки пустӣ мунташир кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВизит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Федератсияи Русия ба муносибати Ҷоизаи меъмории Оқохон марки пустӣ бо намои Кремли Қазон мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Марки пустӣ бо намои Кремли шаҳри Қазон ба муносибати Ҷоизаи меъмории Оқохон рӯзи панҷшанбе ба муомилот даромада, маросими аз муомилот баровардани он дар шаҳри Булғор бо ширкати мушовири давлатии Тотористон Минтимер Шамиев ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Аълоҳазрат Оқохони IV, баргузор мегардад.

Ҷоизаи меъмории Оқохон (Aga Khan Awards for Architecture) - соли 1977 аз ҷониби Аълоҳазрат Оқохони чаҳорум бо мақсади дарёфти тарҳҳои нодири меъморӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё, роҳандозӣ шудааст.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир: Оқохони IV ба Русия меояд-видео

Аълоҳазрат Оқохони IV имрӯз вориди Тотористон мешавад

Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Татаристони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Татаристон бозсозӣ шудааст, аз тарҳи ғолиб дониста мешавад. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.  

"Ба муносибати Ҷоизаи меъмории Оқохон марки пустӣ ба муомилот мебарояд. Дар ин марк, тамғаи Ҷоизаи меъмории Оқохон бо намои Кремли Қазон дарҷ гардидааст. ", - омадааст дар хабарнома.

Ҷоизаи меъморӣ ҳар се сол дар бахшҳои зерин, "Дизайни муосир", "Иншооти ҷамъиятӣ", "Рушди фазои истифодаи умум", "Нигоҳдории иншооти таърихӣ", "Азсаргирии истифодаи иншооти арзиши таърихидошта", "Дизайни ландшафтӣ" ва "Мудернизатсияи фазо", супорида мешавад.

Ғолибони ин ҷоизаи бонуфуз як миллион долларро миёни худ тақсим хоҳанд кард.

Принц Карим Ага-хан IV  - Sputnik Тоҷикистон
Барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ муайян шуданд

Соли 2019 - миёни барандагони ҷоиза - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардидаанд.

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Ҷоиза 42 сол боз инҷониб супорида шуда, то имрӯз 122 тарҳ барандаи Aga Khan Awards for Architecture шудааст. Дар умум то соли 2019 барои дарёфти Aga Khan Awards for Architecture беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0