08:54 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Президент ба шаҳрвандон иҷоза дод мансабдорони порагирро тир зананд

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2387 0 0

Дутерте аз шаҳрвадони кишвараш даъват кард, ки аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунанд ва аз ҳар ҳолати порагирии мансабдорон хабар диҳанд

ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Президенти Филиппин Радриго Дутерте ба шаҳрвадони кишварарш иҷоза дод, мансабдорони порагирро тир зананд, хабар медиҳад Manila Bulletin.

Дар баробари ин кишвардор роҳи осонтари онро нишон дода гуфтааст, ки мансабдоронро накушанд, балки аз пояшон тир зананд, то ба кунҷи зиндон наафтанд.

"Агар шумо ҳама гуна налог, боҷи гумрукӣ ва ғайраро пардохт мекунед ва мансабдор аз шумо пора талаб мекунад, ӯро лату кӯб кунед. Агар таппонча дошта бошед, онҳоро тир бизанед, вале накушед, то зимни барасии парванда, аз сабукиҳо бархӯрдор бошед", - гуфтааст раисиҷумҳур.

Ба гуфти президент фасод аз мушкилоти рақами як дар Филиппин шудааст.

"Ин кирми даруни ҳар як мансабдори давлатӣ шудааст",- қайд кардааст ӯ.

Дутерте аз шаҳрвадони кишвараш даъват кард, ки аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунанд ва аз ҳар ҳолати фасод хабар диҳанд. Ӯ мегӯяд агар хабари порагирӣ то ӯ расад, ҷабрдидаро пешаш мехонад ва иҷоза медиҳад, ки мансабдори порагирро шаппотӣ занад.

Шаҳрвандеро, ки дар паи порагирӣ мансабдорро лату кӯб ё тир мезанад, танҳо шиканҷаи сабук интизор аст, на кунҷи зиндон. Вале президент рӯшан нагуфтааст, ки шиканҷа чигуна хоҳад буд.

Барчаспҳо:
порагирӣ, фасод, мансабдорон, Филиппин, Президент

Мавзӯъҳои асосӣ