12:29 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15900

Раисҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар нишасти раисони ҷумҳури Эрон, Туркия ва Русия ба Анкара сафар кардааст, пеш аз нишасти сеҷониба, бо раисҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, меҳварҳои аслии нишасти Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, равобити дуҷониба, наҳваи густариши равобити иқтисодӣ ва низ масоили мавриди алоқаи тарафайн будааст.

Панҷумин даври иҷлоси сарони сеҷонибаи Эрон Русия ва Туркия дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли буҳрони Сурия баргузор мешавад.

Сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар ин давр аз иҷлос, ки 16 сентябр  баргузор мешавад, барои идома ва тавсеаи ҳамкориҳои сеҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақаӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ҳамзамон хабаргузорӣ қайд намудааст, ки Руҳонӣ ҳамчунин дар ҳошияи иҷлоси Анкара, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дидор хоҳад кард.

Барчаспҳо:
Путин, Раҷаб Таиб Эрдуғон, Эрдуғон, Ҳасан Руҳонӣ, руҳонӣ, гуфтугӯ, мулоқот, музокирот, Туркия, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ