06:38 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
 Узбекский боксер Баходир Джалолов

Ҷалолов, ки муштзани амрикоиро аз пой афтонд, ба аёдаташ рафт - видео

© Instagram / bakhodirdjalolov
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
497 0 0

Муштзани амрикоӣ Ричард Торрес пас аз рақобат дар даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс ҳамтои узбакиштониаш ба бемористон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Варзишкори узбакистонӣ Баҳодур Ҷалолов ҳатмои амрикоияшро, ки аз зарби мушти варзишкор бистарӣ шуда буд, аёдат кард.

Дар ин бора размикори узбакистонӣ дар саҳифаи Instagram - аш хабар додааст.

"Мо танҳо дар дохили ринг рақиб ҳастем, берун аз он мо бародар ва ҳамкорем", - навиштааст Ҷалолов.

Ёдрас мешавем, ки размикори амрикоӣ Ричард Торрес пас аз рақобат бо муштзани узбакистонӣ Баҳодур Ҷалолов дар даври чорякниҳоӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон, бистарӣ шуд.

Торрес аз дасти размикори узбакистонӣ Баҳодур ба нокаут фиристода шуд ва рингро дар ҳолати вазнин тарк кард.

Варзишкори амрикоӣ тавонист то мошини ёрии таъҷилӣ мустақилона қадам занад ва пасон ба яке аз табобатхонаҳои шаҳри Екатеринбург нтиқол дода шудааст.

Муборизи ММА рақибашро дар 17 сония аз пой афтонд - Видео

Ёдрас мешавем, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Екатеринбург даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муштзанӣ ҷамъбаст шуд.

Панҷ намояндаи Узбакистон аз даври чорякниҳоӣ гузашта ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтаанд.

Барчаспҳо:
бокс, муштзанӣ, Узбакистон, Амрико, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ