15:54 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Боевики ИГ в Сирии, архивное фото

Мақомоти Ироқ гуфт фармондеҳони ДОИШ ба куҷо гурехтанд

AP Photo/Raqqa Media Office, File
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
720 0 0

Мудири кулли иттилоот ва мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, ки фармондеҳони гурӯҳи террористии ДОИШ ба дастури мустақими Абубакр Албағдодӣ, ба Туркия, Судон ва шимоли Африқо фирор кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Абӯалӣ Албасрӣ, мудири кулли иттилоот ва мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ гуфт, ки Иброҳим Авод Ассомироӣ, мулаққаб ба Абубакр Албағдодӣ ҳамакнун дар яке аз манотиқи ғарбии Сурия ҳузур дорад.

Ин мақоми ироқӣ тасреҳ кар: Дар ҳоле, ки хонаводаҳои аносири ДОИШ ва шуморе аз нерӯҳои ин гурӯҳ дар урдугоҳи "Алҳавл" дар устони Алҳасака (шимоли шарқи Сурия) мустақар ҳастанд, фармондеҳони гурӯҳи террористии ДОИШ бо дастури мустақими Албағдодӣ, ба самти Туркия, Судон ва шимоли Африқо фирор кардаанд.

СММ: дар ҳафт сол ба узвияти ДОИШ 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаст

Албасрӣ афзуд, ки бархе аз террористҳои хориҷӣ низ аз манотиқи озодшуда, ба кишварҳои худ бозгаштаанд ва метавонанд худро дар қолабҳои нав созмондиҳӣ кунанд.

Ёдрас мешавем, ки Созмони иттилоотии низомии Ироқ маълумотҳои ахир дар бораи роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абӯбакр Бағдодиро нашр карда буд.

Бино бар маълумоти созмон, Бағдодӣ ба минтақаҳои марзии байни Ироқу Сурия, ба музофоти Ҳомс, ба минтақаҳои биёбонии Ироқ ва ба минтақаҳои ҳаммарз бо Туркия, ки дар он қувваҳои мусаллаҳ нестанд, интиқол ёфтааст. Дар ин бора роҳбари созмони иттилооти низоми Ироқ Саъд Музҳар хабар додааст.

Номи аслии ал-Бағдодӣ Иброҳим Авад Иброҳим ал-Бадрӣ буда, ӯ  соли 2014 дар масҷиди Мосул дар бораи ташкилёбии "Халифати исломӣ" эълон кард.

Пештар хабари кушта шудани Бағдодӣ борҳо расонаӣ мегашт, аммо боре тасдиқи худро наёфта буд.

Барчаспҳо:
фармондеҳон, Сурия, фирор, ҷангҷӯён, ДОИШ, Ироқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ