06:05 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Малыш в кроватке, архивное фото

Дар Ҳиндустон кӯдаке бо чор пой ва се даст таваллуд шуд

CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
422 0 0

Пизишкон пешгӯӣ кардаанд, ки пас аз ҷароҳии вижа кӯдак метавонад чун дигар кӯдакон бо ду даст ва ду пой ба сар барад

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ҳиндустон кӯдаке бо чор пой ва се даст таваллуд шудааст, хабар медиҳад нашриёти Daily Mail.

Ҳамроҳи ӯ бародараш дугоники солим ба дунё омадааст.

Мӯъҷиза: дар Қазоқистон зане дар ду моҳ ду фарзанд таваллуд кард

Пизишкон пешгӯӣ мекунанд, ки зани ҳомила се фарзанд доштааст, вале ду кӯдак ба ҳамдигар часпидаанд. 

Муайян шудааст, ки зан дар давраи ҳомиладорӣ боре ҳам УЗИ накардааст, аз ин рӯ касе аз нуқсонҳои кӯдаки дар батнбуда, хабар надоштааст.

Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад: модари серфарзанд 80 тифлро тарбия кард (НАВОР)

Чуноне манбаъ хабар медиҳад, духтараки чорпойро ҷарроҳӣ карда табобат мекунанд.

Зане тоҷик чоргоник ба дунё овард

Пизишкон мегӯянд, пас аз ҷарроҳӣ ва буридани пойҳои зиёдатӣ духтарча метавонад чун дигар кӯдакон зиндагӣ кунад.

Барчаспҳо:
даста, Ҷаҳон, Ҳиндустон

Мавзӯъҳои асосӣ