ФСБ: Амрико дар таҳвили ҷангҷӯёни ДОИШ ба Афғонистон даст дорад

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран ФСБ-и Русия эълон кард, ки хадамотҳои махсуси амниятии Амрико дар таҳвили ҷанҷӯёни ДОИШ (мамнӯъ дар Русия) ба Афғонистон даст доранд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Хадамотҳои махсуси амниятии Амрико дар таҳвили ҷангҷӯёни ДОИШ (мамнӯъ дар Русия) ба минтақаҳои шимолии Афғонистон барои ноамн сохтани вазъи Осиёи Марказӣ даст доранд, эълон намудааст роҳбари Раёсати 5-уми ФСБ-и Русия Сергей Беседа.

Боевики ИГ в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ироқ гуфт фармондеҳони ДОИШ ба куҷо гурехтанд

“Хабарҳое ба дар даст дорем, ки хадамотҳои махсуси амниятии Амрико дар таҳвили ҷангҷӯёни ДОИШ ба минтақаҳои шимоли Афғонистон барои ноамнсохтани авзоъ дар марзҳои минтақаи ҷанубии кишварҳои ҳамсуд даст доранд. Онҳо тасмим доранд дар оянда ҷангҷӯёнро ба кишварҳои Осиёи марказӣ равон намоянд”, - таъкид кард вай.

Сергей Беседа таъкид кард, ки таъмини амнияти кишварҳои узви ИДМ аз мақомотҳои амнияти ва кашшофӣ кишварҳо вобаста буда, аз онҳо талаб карда мешавад, ки таҳдидҳоро дар марҳилаҳои сарзаниашон бартараф намоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи январи соли равон, Игор Зубов, муовини вазири умури дохилаи Русия гуфта буд, ки ҷангҷӯёни ДОИШ бо чархболҳои номаълум аз қаламрави Покистон ба сарҳади Тоҷикистон интиқол меёбанд.

Зубов гуфт, ин омодагӣ ба тавтеаи бузург аст, ки метавонад сабаби муҳоҷирати мардуми зиёд ба сӯи Русия шавад.

Лентаи хабарҳо
0