Меҷақад, аммо намегазад. Чаро дунё таҳдидҳои ИМА ба Эронро ҷиддӣ қабул намекунад

© Sputnik / Александр Имедашвили / Гузариш ба медиабонкДоналд Трамп. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир бо баёнияи муштараке баромад намуда Эронро сабабгорӣ зарбаҳои охир ба кони нафти Арабистони Саудӣ ҳисобиданд

Дар боёния онҳо зарбаҳои харобоварро ба маконҳои нафтии Арабистон бар дӯши мақомоти Эрон задаанд. Ба гуфтаи онҳо чизи дигаре ва ё каси дигаре сабаби ин амали номатлуб шуда наметавонад. Ҳамин тариқ онҳо бо боварӣ фикрашонро нисбати ин масъала ба таври зайл пешкаш намуданд, навиштааст РИА Новости.

Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Эрон шудааст

Дар навбати худ котиби давлатии ИМА Майк Пампео пешниҳоди онҳоро пазируфта онҳоро барои ин хулосаашон дар “твиттер” ташаккур ҳам гуфтааст. Вай ба ҳама кишварҳо пешниҳод кардааст, ки барои ҳукми мувофиқе баровардан бар зидди Эрон пайваст шаванд.

Ҳамагӣ якчанд сол қабл чунин баёнияҳо дар сатҳи олӣ аз ҷониби кишварҳои пудқудрати ҷаҳон сару садоҳои балндеро ба бор меовард ва дигар кишварҳо ҳама ба чунин давлат нафрин мехонданд ва барои ҳама гуна ҳукм овоз медоданд. Аммо айни ҳол бисёриҳо аз ин бозиҳои сиёсӣ огоҳ мебошанд.

Ин эълони кишварҳои абарқудрат аз минбари баланд миёни ҷомеа танҳо саволҳои зерро ба миён меорад: хай чӣ? Оянда чӣ мешавад?

Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон
Таҳрим ҳам монеа нашуд: Эрон ҳаҷми содироташро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст

Хулосаҳои Амрико ва  дигар кишварҳое, ки уро дар ин кор дастгири мекунанд барои дилхоҳ афроди на он қадар огоҳ аз сиёсат маълум аст ва медонад, ки суханҳои онҳо то куҷо ҳали худро меёбанд.

Гуфтагӣ барин дар бораи ҳамрайъӣ ва иттиҳоди кишварҳои Аврупо гуфтан на он қадар лозим аст, чунки ин ба ҳама маълум аст.

Дар авҷи қудратмандтарин давлат будани Амрико  воситаҳои зиёде ба ӯ имкон медоданд, ки ӯ бо бовари метавонист ба дилхоҳ кишваре, ки аз ӯ сарпечӣ мекард зарар расонад. Бо чунин имкониятҳо: а) тобеъияти кулли иттиҳодчиёнаш; б) гӯш додани қисмати зиёди кишварҳои дунё ба Амрико аз тарси ба хатаре гирифтор нашудан; в) қасос аз кишварҳои зиёди дунё, ки тавакал карда бо ӯ муқобилият нишон дода буданд.

Парчамҳои Русия,ИА, Фаронса ва нишони Нитс дар соҳили Нитс - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: ИМА ва ИА дар ҳамоҳангӣ алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ карданд

Дар айни ҳол ин ҳама имкониятҳои Амрико мавқеи худро гум карда, ба як анвои нолозим мубадал гаштаанд.

Алакай мисолҳои зиёд (аз ҷумла Русия ва Эрон) исбот кардаистодаанд, ки таҳримҳои иқтисодӣ дар бисёр ҳолатҳо наметавонанд натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд. Ва мақсади Амрико аз ҷорӣ намудани таҳримҳояш нисбати дилхоҳ кишвар ин таҳти назорати худ даровардани он аст.

Аммо новобаста аз ин ҳама ноадолатиҳо маълум шуд, ки таҳримҳои тулонии Амрикоро бисёр кишварҳо масалан ба мисли Куриёи Шимолӣ ва Венесуэла барин кишварҳои қашоқ ҳам тоқат карда метавонанд.

Аз даврони амалиётҳои бомуваффақияти низомии Ғарб бар муқобили кишварҳои мустақил дар солҳои 1990-2000 вақти муаяне сипари шудааст. Натиҷаи ин ҳама мувафақиятҳо ҳоло меваи талх овардаистодаанд.

Сербистон аз эъломи таҳрим алайҳи Русия худдорӣ кард

Инро дар мисоли он меӣинем, ки чанде пеш бояд гуфтушуниди Амрико бо роҳбарияти ҳаракати “Толибон” баргузор мешуд, аммо ҳама нақшаҳо барбод рафт. Мувофиқи нақша бояд Амрико қушунашро аз хоки Афғонистон берун мекард, аммо ба ҷои мулоқот Толибон низомиии амрикоиро ба қатл расониданд.

Дар соли 2010 аз ҷониби Амрико ва ҳаммаслаконаш дуди торики нооромӣ Сурияро фаро гирифт. Дар натиҷа қудрати  НАТО ҳамчун ташкилоти низомии пуриқтидор, ки мағлубиятро намедонист рӯ ба сустӣ ниҳод.

Ҳатто ҳамаи кишварҳои аъзои НАТО ва роҳбари ин паймони низомӣ аз пурқувваттарин буданашон ба шубҳа афтоданд.

Русия - Ғарб: ҷанги таҳрим

Ғайр аз ин рӯ ба сусти ниҳодани НАТО-ро муқовиматҳо миёни Амрико ва Куриёи Шимолӣ исбот мекунанд, ки ИМА аз ҳар таҳдиде, ки ба ин кишвар мекард худ даст кашид ва ҳеҷ гуфтаашро иҷро накард. Куриёи Шимолӣ ун тараф истад Амрико тавакал накард ба Венесуэла ҳуҷум кунад, танҳо ҷангҳои лафзӣ.

Аз ин дида мебароем, ки ҳама таҳдидҳои Амрико бар зиддӣ Эрон гапҳои пуч ва таҳдидҳои хушку холӣ мебошанд. Ин алакай ба ҳама маълум аст. Алакай дунё ба гуфтаҳои Амрико бовар надорад.

Аз ҳама чораи даҳшатноке, ки айни ҳол Амрико нисбати Эрон андешида истодааст ин таҳримест, ки ба гуфтаи Доналд Трамп президенти ИМА “фиристодани Эрон ба ҷаҳанам” аст. Новобаста аз он ки чанд сол пеш Эрон зери таҳримҳои Амрико қарор дошт ва чихеле, ки мегуянд баъди таҳрим мисле, ки аз истироҳат бо туҳфаҳо баргашта бошад худро нишон дод.

Ин ҷои тааҷуб нест, ки мақомоти Амрико хоҳони ба майдон овардани боз як бозии сиёсӣ ва аз ин фоида ба даст овардан мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0