17:18 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1437 0 0

Оилаи ду шахсияти машҳур "Мисс Москва" ва подшоҳи Малайзия замоне вайрон шудааст, ки зан ҳомила будааст. Дар бораи ҷудошавӣ, Оксана аз интернет хабардор шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Оксана Воеводина дорандаи унвони "Мисс Москва 2015" ҷузъиёти ҷудошавӣ бо ҳамсараш - собиқ подшоҳи Малайзияро ифшо кард. Дар ин бора Daily mail менависад.

Собиқ подшоҳи Малайзия - Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуд. Ҳаёти якҷояи ин ду шахси машҳур камтар аз ду сол идома кард. 

Ба гуфти Оксана оилаи онҳо замоне вайрон шудааст, и ӯ ҳомиладор будааст. Дар бораи дуҷошавӣ духтар аз интернет фаҳмидааст.

Ба нақли Мисс Москва - шоҳи Малайзия моҳи декабри соли гузашта аз хона баромада рафта дигар ба наздаш боз нагаштааст. То ҳол Оксана мегӯяд сабаби ҷудошавиро намедонад.

"Мо таваллуд шудани фарзанди нахустинамонро интизор будем. То ҳол сабаби аслии ин амалро намедонам", - изҳор доштааст Воеводина.

Дар баробари ин Оксана гуфтааст, ки ҳамсараш ӯро се талоқ додааст, вале то ҳол расман ҷудо нашудааст.

Воеводина гуфтааст, ки ҳамсараш дар назди худи ӯ боре ҳам "се талоқ" нагуфтааст.

Барчаспҳо:
ҷудошавӣ, талоқ, ҳамсар, подшоҳ, Малайзия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ