Муҳриддин мақомдорони кишварҳои Гурӯҳи 77 - ро ба Душанбе даъват кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тоҷик мақомдорони кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 - ро барои иштирок дар кори конфронси Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028", ки соли 2020 дар шаҳри  Душанбе барпо мегардад, даъват кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Рӯзи 27 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри  Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар Иҷлоси солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат  намудааст.

Встреча Министра иностранных дел с Послом по особым поручениям США по вопросам свободы религии - Sputnik Тоҷикистон
Озодии дин дар Тоҷикистон дар баррасии Муҳриддин ва Браунбек

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ аҳамияти татбиқи Рӯзномаи 2030 –ро таъкид намуда, зикр кардааст, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.

Вазир бо масъулини СММ масъалаи мубориза бо терроризмро муҳокима кард

Вазир ҳозиринро  оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми  байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028", ки соли 2020 дар шаҳри  Душанбе барпо мегардад, иттилоъ дода, аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштирок дар кори конфронси мазкур  даъват ба амал овард.

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ мулоқот кар

Лентаи хабарҳо
0