14:06 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
День 4 октября

Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Рӯзи 4 октябр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии олами ҳайвонот, ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон, рӯзи байналмилалии манзил, дар Русия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дар Белгия рӯзи истиқлол таҷлил мешавад

Рӯзи 4 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1921 таъсиси Бонки давлатии ИҶШС.

Соли 1939 - истифодаи Канали бузурги Фарғона.

Соли 1957 дар ИҶШС  радифи маснӯи Замин сар дода шуд.

Соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкорӣ гирифт.

Христиан Гюйгенс
Христиан Гюйгенс

Соли 1991 сарони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.

Соли 1992 дар Амстердам пас аз 15 дақиқаи парвоз ҳавопаймои Исроил ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 43 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1999 дар ИМА Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.

Соли 2000 рӯйхати кишварҳои "мобилӣ" нашр шуд. Финляндия бо доштани 76 %-и обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми аввал касб намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек Форуми 7-уми ҳамкории Федератсияи Русия ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1974 - ифтитоҳи нахустин китобхонаи кӯдакона дар Тоҷикистон.

VI Международная выставка Китоби Душанбе
© Sputnik
VI Международная выставка "Китоби Душанбе"

Соли 2010 - дар шаҳри Душанбе, китоби "Наҷотдиҳандаи миллат” оид ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.

Соли 2013 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Соли 2013 дар ҷаласаи  11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раиси он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи "Дӯстӣ"-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии "Роҳи абрешим"- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр 

  • Рӯзи ҷаҳонии олами ҳайвонот.
    © AP / Matt Rourke
    Два котенка амурского тигра играют в зоопарке
  • Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.
    © Foto NASA, ESA; acknowledgment: T. Roberts (Durham University, UK), D. Calzetti (University of Massachusetts) and the LEGUS Team, R. Tully (University of Hawaii) and R. Chandar (University of Toledo)
    Снимок галактики NGC 4485 в созвездии Гончих Псов, которая сохранила следы столкновения с соседней галактикой миллионы лет назад
  • Рӯзи байналмилалии манзил.
  • Дар Русия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
    Курсанты, архивное фото
    © Sputnik / Виталий Аньков
    Курсанты, архивное фото
  • Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ.

Рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • Ситора Алиева (1963)- киноактриса.
  • Белла Вовси (1922) – доктори илми тиб, профессор.
  • Мунзифа Ғаффорова (1924-2013) – доктори илми фалсафа, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Абдурауф Фитрат (1886 – 1937) – нависанда, адабиётшинос, профессор.
  • Саида Холиқова (1911- 1981)- арбобзани ҳизбӣ.
  • Лоланисо Асмоилова (1929)- доктори илмҳои биология, профессор.
Барчаспҳо:
ҷашн, таваллуд, зодрӯз, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ