05:08 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
День 8 октября

Ҷашнҳои рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон- Рӯзи кишоварзон ва кормандони хоҷагии деҳқонӣ ва дар ИМА- рӯзи миллии кӯдакон таҷлил мешавад

Рӯзи 8 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.

Боксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото

Соли 1925 зани англис Элен Ҷоэл аввалин бонуе гардид, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ ғолиб омад.

Соли 1926 бори нахуст дар ҷаҳон дар радио аз ҷараёни бозии футбол гузориш пахш гардид.

Радиоприемник
Радиоприемник

Соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1973 дар ИМА аввалин ҳабсхонаи занона кушода шуд.

Рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи "Авесто Арена" ба истифода дода шуд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Ванҷ толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст.

Соли 2014 бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии "Фалак" баргузор гардид.

Давлатманд Холов ва гурӯҳи Фалак дар Маскав
Давлатманд Холов ва гурӯҳи "Фалак" дар Маскав

Соли 2016 масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 октябр 

  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи кишоварзон ва кормандони хоҷагии деҳқонӣ.
  • Дар ИМА- рӯзи миллии кӯдакон.

Рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • 1933-2006 нависандаи тоҷик Аминҷон Шукуров.
  • 1935 доктори илмҳои филологӣ профессор Баҳриддин Камолиддинов.
  • 1958 коргардони театр Давлати Убайдулло.
  • 1966-1991 овозхон Наргис Бандишоева.
    Портрет Наргис Бандишоевой на концерте группы Baraka
    Портрет Наргис Бандишоевой на концерте группы Baraka
Барчаспҳо:
рӯз, таърих, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ